Улфат ба ошиқони саги он кӯ наме кунад

Ваҳшати Ром аз табиат оҳӯ наме кунад

Аз покдоманон накунад ҳасани иҷтиноб

Гул бо сабои музоиқа дар бӯ наме кунад

Аз сина ҳар дилӣ ки ба буи ту шуд ҷудо

Чун нофаи бозгашт ба оҳӯ наме кунад

Сангу гуҳар якеаст ба чашми худошинос

Мизони адли майл ба як сӯ наме кунад

Дар теғ нест ҷавҳари иқболи мардумӣ

Корӣ ки чашм мекунад абрӯ наме кунад

Иқболи рӯзгор ба бахтасту иттифоқ

Давлат ба илтимос ба кас рӯ наме кунад

Обаш чу нахли бодия аз абр ме расад

Ҳаркас ки илтифот ба ҳар ҷӯ наме кунад

Оби равон ба қӯт сарчашма ме равад

Солик ба пои хеш такопу наме кунад

Соиб чу ҳасани қудрати худро кунад аён

Шамшери кори ҷунбиш абрӯ наме кунад