зи меҳр ва моҳ созад сайр , рӯяти чашми равзан ро
Ба як шабнам кунад муҳтоҷ , рухсори ту гулшан ро
Заъифонро ба чашм кам мубин дар сарфарозӣ ҳо
Ки теғи тез бар дорад зи хоки роҳи сӯзан ро
зи гардидани сипеҳри сангдилро нест дилгирӣ
Ки дар саргаштагӣ бошад кушоди дили фалохан ро
Назарро барги коҳӣ аз паридан мешавад монеъ
Буд бисёр , андаки кулуфтии дилҳои равшан ро
Надорад субҳ бо рухсори отшнок ӯ нурӣ
Яди Байзои чароғ рӯз бошад нахли эмин ро
Айёри ҳиммати мо паст монад аз пастии гардун
Нафас дар сина май сӯзади чароғи зери доман ро
Саховати молро аз дидаи бадбӣн нигаҳ дорад
Ба аз дилҷӯеи мӯрон сапандӣ нест хирман ро
Гронҷонӣ надорад ҳосилӣ дар пилаи гардун
Ба лангар , санг аз гардиш наяндозад фалохан ро
Чу қамарӣ , сарв бо он саркашӣ гирад дар оғӯшаш
Напечад ҳар ки соиб аз хати таслим , гардан ро