Нозуки лабони сухан ба забон ту ме кунанд

Ин ғунчаҳо назар ба даҳон ту ме кунанд

Хуршеди талъатони садафи чашми пургуҳар

Аз чеҳра ситора фишон ту ме кунанд

Ширини лабон ки шӯр ба олам фиканда анд

Дарюзаи намаки зи даҳон ту ме кунанд

Ҷамъӣ ки дил ба малик сулаймон надода анд

Чун мӯри реза чинӣ хон ту ме кунанд

Чун Юсуфи он касон ки ба иззат бар омаданд

Изҳори бандагӣ ба замон ту ме кунанд

Ошуфтаи хотирон ки зи олам гусаста анд

Пайванди ҷон ба мӯии миён ту ме кунанд

Аз лутфи ошкори ту ушшоқ бе насиб

Дили хуш ба илтифоти ниҳон ту ме кунанд

Миҳроби хеши сбҳаҳи шуморони осмон

Аз абрувони ҳамчуи камон ту ме кунанд

Сарсабзи он гуруҳ ки бе ӣстодагӣ

Ҷонро фидои сарви равон ту ме кунанд

Онон ки аз саводи ҷаҳони даст шаста анд

Дили хуш ба доғи лолаи ситон ту ме кунанд

Соиб чаҳ фитнае ту ки чун зулфи глрхон

Дар гӯши ҳалқаи ҳозбён ту ме кунанд