Кӣ дилбарони зсҳбти дил сайр ме шаванд

Хубони куҷои зи оина дилгир ме шаванд

Дар хонимони харобии дил саъй ме кунанд

Ин ғофилон ки дар пай таъмир ме шаванд

Чун субҳи зери хаймаи дилгири осмон

Равшандилон ба як ду нафас пер ме шаванд

Ғайр аз гуруснагӣ ки нигараданд сайри азу

Ҳар неъматӣ ки ҳаст азу сайр ме шаванд

Онон ки қад кунанд дўтои пеш чун худӣ

Дар хонаи камони ҳадаф тир ме шаванд

Бе ҷазбаи он касон ки дарин раҳ қадам ниҳанд

Гар бар фалаки раванди замин гир ме шаванд

Ҷамъӣ ки по ба сидқи дарин роҳ ме ниҳанд

Дар як нафас чу субҳ ҷаҳонгир ме шаванд

Ҷамъӣ ки аз ҳасб ба насаб мекунанд сулҳ

Қонеъ ба устихони з тбошир ме шаванд

Соиби зи захми шер мукофот ғофиланд

Сайди афканон ки дар пай нахҷӣр ме шаванд