Озода чун Масеҳ бар афлок ме равад
Ин манзил аз касеаст ки чолок ме равад
Бидрдро чу мор газад сояи каманд
Ошиқ ба чашми ҳалқа фитрок ме равад
Дар машраби пиёла кашон нест саркашӣ
Бар ҳар тараф ки май кишӣш ток ме равад
Бахти сиёҳи сайқали арбоб бениш аст
Аз сайри гулхани оинаҳо пок ме равад
Роҳи ситамгарони зи хасу хори поки нсит
Оташ ҳамеша бар сар хошок ме равад
Моро назар ӣа ҷомау дастор пок нест
ӣнҷои сухани зи чашми вдл пок ме равад
Бепарда гардад он ки дарди пардаи касон
Набош бекафан ба таҳ хок ме равад
Соиб ба ханда ҳар ки дарин боғ лаб гушӯд
Чун гул ба хок бо дили сад чок ме равад