Дил аз ҳуҷум нашутур озор во шавад

Чун ғунчае ки дар бағали хор во шавад

Ҳар дида нест муҳаррами он чоки перҳан

То бар рух ки ин дар гулзор во шавад

Ҳамтоб шуд чу ришта , яке зуд ме шавад

Мушкил ки аз миёни ту зуннор во шавад

Бошад ҳамон ба ҳасрати он чашми нимхўоб

Чашмам агар ба давлати бедор во шавад

Ҳурон бароваранд сар аз равзани биҳишт

Ҳар ҷои даҳони ёр ба гуфтор во шавад

Дар ҳар дилӣ ки хурдаи розӣ наҳуфта ҳаст

Чун ғунчаи бештар ба шаби тор во шавад

Ҷонӣ ки дошт шикваи зи танагии ломакон

Дар тангнои чарх чаҳ миқдор во шавад

Нодон шавад зи тирагии ҷаҳл ҳарза на?ил

Қуфли даҳони саг ба шаби тор во шавад

Дилҳои сахтро буд оташи насими субҳ

Пайкони ёр дар дили аФгор во шавад

Ҷӯши баҳор , булбули хунини дили маро

Фурсати надоди ғунчаи минқор во шавад

Дар мавсимӣ ки ғунчаи пайкон шукуфта шуд

Соиб маро нашуд гиреҳ аз кор во шавад