Он офтоби рӯ чу харидор ман шавад
Гавҳари сапанди гармии бозор ман шавад
Ман кистам ки ёри харидор ман шавад
Гавҳар фурӯз гармии бозор ман шавад
Ҳар чанд гавҳарам , зи ҳаё об ме шавам
Гар хоки роҳи ёри харидор ман шавад
Бунёди ман ба оби расониди огаҳӣ
Кӯи ҳайратӣ ки хонаи нигаҳдор ман шавад
Чун лашкари шикаста ба сад роҳ май рӯм
Кӯи ҷазбае ки қофилаи солор ман шавад
Дарбори ман чу шамъ ба ҷузи ашк ва оҳ нест
Раҳмаст бар касе ки харидор ман шавад
Чун сарв нест ҷузи гиреҳи дили самари маро
Бечораи қамаре ки ҳаводор ман шавад
Дигари сиёҳӣ аз сар доғаш наме равад
Гар офтоби шамъи шаби тор ман шавад
зи иқболи ишқ , боз чу банд қабо кунам
На осмон агар гиреҳи кор ман шавад
Санг аз фурӯғи гавҳари ман об ме шавад
Ин шиша хона чист ки зангор ман шавад
Дарёи кафи ниёз гушӯдааст аз садаф
То хӯшаи чини калаки гуҳарбор ман шавад
Аз тӯтӣони гаронӣ зангор ме кашад
Ойӣнае ки волаи гуфтор ман шавад
Аз лашкари ситора фузунаст доғи ман
Чун субҳи пунбаи дили аФгор ман шавад
То кӣ ғубор ҳастӣ мавҳуми ҳамчуи хоб
Соиби ҳиҷоби дидаи бедор ман шавад