Аз май чу он ғизол , сияҳ маст ме шавад
Дар ҷилва ҳар ки бинадаш аз даст ме шавад
Бихўд шаванд сӯхтаи ҷонон ба як нигоҳ
Аз як пиёлаи лолаи сияҳ маст ме шавад
Қасрӣ ки чун ҳубоб шавад аз ҳавои баланд
Аз рост кардани нафасӣ паст ме шавад
Қасрӣ ки чун ҳубоб шавад аз ҳавои баланд
Аз рост кардани нафасӣ паст ме шавад
Шуд аз фишурдагӣ май ангури тоҷи сар
Аз сабр , зердаст зибардаст ме шавад
Ҳар кас ки дид сарви туро дар хироми ноз
Аз по агар намефитад аз даст ме шавад
Шӯҳрат ба дастёрии ҳамкор баста аст
Овоз кӣ баланди зи як даст ме шавад
Аз қомати ту рост чисон бугзарад касе
Оби равон ба сарви ту по баст ме шавад
Соиби тавон ба оби бақо аз фано расед
ӣнҷо касе ки нест шавад ҳаст ме шавад