Сад шиква ба ҷои зи дилам ҷӯш ме занад

Шарми ҳузури монеъ изҳор ме шавад

Гар соф шуд каломи ту соиб ғариб нест

Ашки саҳоби гавҳар шҳўор ме шавад

Лаъли ту чун ба ханда гуҳарбор ме шавад

Ин на садафи пар аз дар шҳўор ме шавад

Аз хори пои мдзд ки ин оқибати бихир

Чун давр мезанад гул бехор ме шавад

Аз ҷилваҳои сӯрат бе маънии ҷаҳон

Ойӣнаи зуди ташна зангор ме шавад

Май заҳр қотиласт чу з андоза бугзарад

Хӯн зиёд нашутур озор ме шавад

Дилҳои занг баста хӯрд захми дўрбош

Ойӣнаро ки монеъ дидор ме шавад

Чандон ки дар китоб ҷаҳон мекунам назар

Як ҳарф беш нест ки такрор ме шавад

Он навниҳолро чаҳ димоғ шикоят аст

Ин шох аз шукуфа гронбор ме шавад

Дар зери бор қарз намонад кафи Карим

Бо дастгири халқ , худо ёр ме шавад

Бо гиряи хандаи шаккаринро чаҳ нисбат аст

Охири дилии зи гиря сбкбор ме шавад

Дар ҳайратам ки аз чаҳ хам ва аз кадом май

Паймонаи нигоҳи ту саршор ме шавад

Омодааст рӯзяш аз санги кӯдакон

Девонае ки шаҳрӣ бозор ме шавад

Як бӯсаи лаби ту ба сад ҷон расида аст

Гавҳари гарони зи ҷӯш харидор ме шавад

Тӯли амл ки ин ҳамаи печидае бар ӯ

Дар вақти марги ришта зуннор ме шавад

Аз кҷрўон фитод гузорам ба роҳи рост

Аз сайқали каҷи оина ҳамвор ме шавад

То буии перҳан сафарӣ мешавад зи Миср

Ёқӯбро ду дида чу дастор ме шавад

Ҳамсоя аз тапидан бе ихтиёри ман

Ҳршби ҳазор мартаба бедор ме шавад