Аз ёди васл , дидаи ман сайр ме шавад
Маҳтоб дар пиёлаи ман шер ме шавад
Ҳаргиз ба сӯии хеш наме бинӣ аз ҳиҷоб
Дар хилвати ту оина дилгир ме шавад
Даври нишоти зуд ба анҷом ме расад
Май чун ду сол умр кунад пер ме шавад
Золим ба марг даст намедорад аз ситам
Охири пари уқоби пар тир ме шавад
Онро ки рӯзгор нагирад ба ҳар гуноҳ
Чун ҷамъ шуд гуноҳ , худогир ме шавад
Аз чашми оҳӯонаи Лайлӣ ҳазар кунад
Маҷнӯн агарчӣ дар даҳан шер ме шавад
Тадбири бандаи соя тақдир эзадаст
Варна кадоми кор ба тадбир ме шавад
Ашки надомати ту ба доман наме расад
Ҳарчанд бештари зи ту тақсир ме шавад
Тӯмори шикваи ту ба афлок ме расад
Як лаҳзаи рӯзии ту агар дайр ме шавад
Чун офтоб , фикри ман офоқро гирифт
Ҳасани ғариби зуд ҷаҳонгир ме шавад
Натавон гузаштан аз ду ҷаҳон бе ҷиҳоди нафас
Ин роҳи даври қатъ ба шамшер ме шавад
Соиб ба гиря гирд баровард аз ҷаҳон
Сайли баҳорро ки Аннангир ме шавад