Таскини дил ба шӯр муҳаббат наме шавад
Ин доғ , хуши намак ба қиёмат наме шавад
Лайлии Аннани гусаста ба саҳрои ниҳод рӯй
Тамкини ҳарифи ҷазб муҳаббат наме шавад
Дар ашк талх нест камии дидаи маро
Дастами дучори доман фурсат наме шавад
Дар кӯҳсори шӯриш сайласт бештар
Ислоҳи мо ба санг маломат наме шавад
Фонӯси шамъро натавонад наҳуфта дошт
Чашми ҳасуди парда шӯҳрат наме шавад
Маснад ба рӯй даст сулаймон фиканд мӯр
Хории насиби аҳл қаноат наме шавад
Аз орзӯаст хоби парешони дили тамом
То нақш ҳаст оина хилват наме шавад
Аз оби теғи донаи мо сабз ме шавад
Қатъи умеди мо ба шаҳодат наме шавад
Аз токи зӯри бодаи каҷиро буруни набард
Ҳамвори бдгҳр ба насиҳат наме шавад
Бедори гашти сабзаи хобида аз саҳоб
Аз май алоҷи занг кудурат наме шавад
Шамъӣ ки дидаҳост саранҷоми хомшӣ
Миннатпазир даст ҳимоят наме шавад
Соиби зи худ броӣ ки ҳасани сухан , ғариб
Бе хокмоли водӣ ғурбат наме шавад