Пояндагӣ ба зӯр муяссар наме шавад

Оби Хизри насиб Сикандар наме шавад

Ҳар мавҷ май калид дар боғи тоза Эй аст

Кайфияти шароб мукаррар наме шавад

Дилро нагашт монеъ рафтани ғубори ҷисм

Аз гирди роҳ , сайл ба лангар наме шавад

Озодагони зи чарх шикоят наме кунанд

Аз бори дили малул санавбар наме шавад

Осӯдааст пардаи шарм аз нигоҳи гарм

Оташи ҳарифи бол самандар наме шавад

Аз реги тишнагии набарди муваҷҷаҳи сароб

Аз симу зари ҳарис тавонгар наме шавад

Кӣ оби истода ба об равон расад

Ойӣна бо рухи ту баробар наме шавад

Соиб чу мавҷи ҳаркии зи ҷони дастро нишаст

Дар баҳр беканор шиновар наме шавад