Ҳар раҳравии дучор ба манзил наме шавад
Ин роҳи қатъ бекашиш дил наме шавад
Занҷири мавҷи монеъи шӯр муҳӣт нест
Маҷнӯни мо ба силсила оқил наме шавад
Гулгунаи хиҷолат рӯҳаст рӯзи ҳашар
Хӯнӣ ки зеби доман қотил наме шавад
Натавон ба моҳи нави гиреҳ осмон гушӯд
Нохуни ҳарифи обила дил наме шавад
Дар ишқи шӯ чу сарву санавбари тамоми дил
Кин кор дилхурӣаст , ба як дил наме шавад
Ҳосил шуд аз лаби шаккарини ту коми мӯр
Коми дил манаст ки ҳосил наме шавад
Абри тнк ниҳон накунад офтоб ро
Лайлии ниҳон ба парда маҳмил наме шавад
Як соъатаст ҷилваи ошиқи дарин ҷаҳон
Парвонаи боли хотир маҳфил наме шавад
Чандон ки меравад ба мақомӣ наме расад
Оворае ки ҳамсафар дил наме шавад
Аз бод нихватаст ки хокаш ба фарқи бод
Бо баҳр ҳар ҳубоб ки восил наме шавад
Орифи зи мавҷи ҳодиса бар ҳам наме хӯрд
Аз шӯри баҳр , оби гуҳар гул наме шавад
Дастӣ ки аз ду куни ншўинди ҳамчуи мавҷ
Дар гардани муҳӣт ҳамоил наме шавад
Холи сифедӣ аз назари дурбини мо
Бе серумаи сиёҳӣ манзил наме шавад
Чун қиблаи гоҳи ҳоҷати олами ҳамин дуруст
Соиб чаро гадоӣ дар дил наме шавад