Дар кӯии ишқи дарди вбло кам наме шавад
Аз боғи хулди барги внўо кам наме шавад
Мавҷ аз шикаст рӯй наме тобад аз муҳӣт
Ихлоси мо ба ҷаври вҷФо кам наме шавад
Ҳар доғи ҳасрати ту кам аз офтоб нест
Умри шаби фироқ чаро кам наме шавад
То чун ҳадафи турои раги гардан биҷой ҳаст
Омад шуд хаданги қазо кам наме шавад
Қосиди тасаллии дил ошиқ наме диҳад
Шавқи ҳарам ба қиблаи намо кам наме шавад
Дандони мо з хӯрдани неъмати тамоми рехт
Андӯҳи рӯзӣ аз дили мо кам наме шавад
Беофтоб , субҳ чаҳ равшангарӣ кунад
Аз номаи тираи рӯзии мо кам наме шавад
Дандон ба дили фишор ,гар аҳли саодатӣ
Бе устихони ғурури ҳумо кам наме шавад
Теғ шаҳодатаст дили гармро алоҷ
Ин тишнагӣ ба оби бақо кам наме шавад
Сирии з васл нест дили биқрор ро
Аз коҳ , ҳирси коҳрбо кам наме шавад
Натавон зи табъи шуълаи буруни баради иштиҳо
То зиндааст , ҳирси гадо кам наме шавад
Соиби ҳазор мартаба кардем имтиҳон
Дарди сухан ба ҳеҷ даво кам наме шавад