То бӯсае ба ман зи лаб длстон расед
Ҷонам ба лаб расед влби ман ба ҷон расед
Дасти навозиши дили азҷоӣ рафта шуд
Ҳар номае ки аз ту ба ин нотавон расед
Гирами қадам ба пурсиши ман ранҷаи сохтӣ
Бешаст дард азон ки ба дардам тавон расед
Бо он ки теғи ғамза ӯ дар ниёам буд
Захмаш ба мағзи пештар аз устихон расед
Миъроҷи зуҳди хушк ба минбар расӣдан аст
Натавон ба боми чарх ба ин нардбон расед
Аз як нигоҳи хӯни ҷаҳонӣ ба хоки рехт
Дар як кушоди тир ба чандин нишон расед
Пучаст чун ҳубоби зи дарё бар омада
Ҳарфи муҳаббатӣ ки зи дил бар забон расед
Зон пар гуласт гулшани ҳасанати чаҳор фасл
Каз даст рафт ҳар ки ба ин гулистон расед
Қалбаст нақди дӯсти намоёни рӯзгор
Бечораи Юсуфӣ ки ба ин корвон расед
Аҳвол ман мапурс ки бо садҳазори дард
Май боядам ба дрддл дигарон расед
То кард бихўдии зи аносири муҷаррадам
Аз чори муваҷҷаҳи киштии ман бар карон расед
Соиби умедвор ба бахт ҷавон шудам
То дасти ман ба домани пер Муғон расед