Ҳар парда ки аз чеҳра мақсӯд барофтод
Шуд барқи ҷҳонсўзи вмро дар ҷигар афтод
Чун кунҷи лаби вгўшаҳ чашмаст диловез
Ҳар чанд ки малики дили мо мухтасар афтод
Омодаи печу хам бисёр шӯ эй дил
Каз зулфи марои кор ба мӯӣ камар афтод
Кӯи ҳавсила дидану кӯи чашми тамошо
Гирам ки ниқоб аз гул рӯй ту барофтод
Андешаи маъшӯқи нигаҳбон хаёл аст
Ошиқи натавонад ба хаёл дигар афтод
Бо файзи саҳаргоҳи дили танг чаҳ созад
Раҳмаст ба мӯрӣ ки ба танги шкроФтод
Зоҳид ки гузашт аз сари дунёи паии фирдавс
Мискини зи ҳавоӣ ба ҳавоӣ дигар афтод
Чун ғунча маҳоласт ки дилтанг бимонад
Кори дили ҳаркас ки ба оҳ саҳар афтод
Якборагӣ афтод кулоҳи хирад аз сар
Рӯзӣ ки ба болои ту моро назар афтод
Дар ғунчаи дили хурдаи ҷон парда нишин шуд
Дар синаи збси доғи ту бар икдгр афтод
Аз лиззати дидор хабардор нагардад
Чашмӣ ки чу ойӣнаи парешон назар афтод
Аз сина барояд дили пари обилаи соиб
Дар баҳр намонад чу садафи хуш гуҳар афтод