Бе абри гуҳарбори чаман шаста нагардад
То дил нашавад оби сухан шаста нагардад
Доман ба миён то назанад ашки надомат
Гирди гунаҳ аз хонаи тан шаста нагардад
Брчҳраҳи Юсуфи асари силии ихвон
Нилӣаст ки аз субҳи ватан шаста нагардад
Хӯн занг нашавед зи дили ғунчаи пайкон
Аз бодаи ғубори дили ман шаста нагардад
Дандон ба ҷигар на ки ба обу арақи саъй
Гирди хат азон себи зқн шаста нагардад
Аз абр баҳорон нашавад махзани гавҳар
То ҳамчуи садафи кому даҳан шаста нагардад
Аз гиряи чисон сабз шавад бахт ки зулмат
Аз боли впри зоғу заған шаста нагардад
То шамъ Суҳайласт дарин базми фурӯзон
Аз хӯни ҷигар рӯй Яман шаста нагардад
Фикри хати вхол аз дили сўдоздаҳи ман
Чун тирагӣ аз машки хутан шаста нагардад
Аз бахя наёяд лаби афсӯси фароҳам
Аз рӯй куҳансоли шикан шаста нагардад
Чун гирди ятемии зи гуҳари гирди касодӣ
Соиби зи рухи аҳли сухан шаста нагардад