Он кас ки таманноӣ бирав дӯш ту дорад
Гар хоки шўддст дар оғӯш ту дорад
Бар чеҳраи хуршеди фурӯғи ту гувоҳ аст
Ин чашми пари обӣ ки дар гӯш ту дорад
Дар давлат бедор диҳад ғӯтаи ҷаҳон ро
Файзӣ ки дами субҳи баннои гӯш ту дорад
Ҷавшан чаҳ кунад бо назари мӯи шикофон
Ошиқ чаҳ ғам аз хати зираи пӯш ту дорад
Шурӣ ки қиёмат будаш ғошия бар дӯш
Дар зери илми сарви қбопўш ту дорад
Аз оташи густохӣ меоб нагардад
Меҳрӣ ки ҳаё бар лаби хомӯш ту дорад
Ҳар чанд надорад дили соиби хабар аз хеш
Аммо хабар аз хоби фаромӯш ту дорад