Аз грмрўони хори муғелон гила дорад

ӣнҷост ки нашутур хатар аз обила дорад

Аз дарди шикояти дил беҳавсила дорад

Ин хори зи пероҳани Юсуф гила дорад

Чун оҳ мусӣбат зада ором надорам

Даст ки худоёи сари ин силсила дорад

Ин қофила аз хоб гаронаст гронбор

Фарёд чаҳ таъсии дарин марҳала дорад

Аз дасти тиҳии роҳрав ишқ нанолад

По бар сари ганҷи гуҳар аз обила дорад

Аз гардиши чашми ту фалак бесар впо шуд

Пайдост ҳубобӣ чаҳ қадар ҳавсила дорад

зи Иблиси хатар беш буд пешравон ро

Аз гурги ҷигари дори хатари сар гила дорад

Чун нақши қадам ҳар қадам аз пӯст бар ояд

Ҳар каси хабар аз даврии ин марҳала дорад

Хӯн мечакад аз шуълаи овози ҷарас ро

То чашм ки сар дар паии ин қофила дорад

Ташрифи гирифтории мо ориятӣ нест

Каз муваҷҷаҳи худ оби равон силсила дорад

Бар ҳам хӯрд аз ҷавҳари худ оинаи соф

Ҳайрат зада аз ҷунбиши мижгон гила дорад

Бо шавқи ҷаҳонгарди ду гомаст дўъолм

Соиб чаҳ ғам аз даврии ин марҳала дорад