Аз талхӣ май соғари мо бок надорад

Ин ҳавсиларо ҳеҷ каф хок надорад

Гардани макаш аз теғ ки ин хонаи торик

Роҳӣ ба ҷуз аз равзан фитрок надорад

Талхии буна аз сар ки надорад хатар аз теғ

Он қуббаи хашхош ки тирёк надорад

Дар қулзум ҳастӣ нашавад махзани гавҳар

Ҳар каси даҳани худ чу садаф пок надорад

Аз дили гиреҳ ғам накушояд май гулранг

Аз гиряи гушоиши гиреҳ ток надорад

Доими зи дили хеш буд ризқи ҳарисон

Қорун ба каф аз ганҷ ба ҷуз хок надорад

Ҳам маҳмил Лайлӣ нашавад нолаи зораш

Ҳар кас чу ҷараси синаи сад чок надорад

Дар коми наҳанги вдҳни шери гурезад

Соиби сари ин мардум бибок надорад