Гар ғайри маро аз ту ба найранг баровард

Натавон дар дилро ба гул вснг баровард

Хуршеди нафас сӯхта омад ба тамошо

То он рухи гулгуни хат шбрнг баровард

Аз оташи рухсори ту доғӣ ба ҷигар дошт

Ҳар лола ки сар аз ҷигар санг баровард

Бо синаи оташ чаҳ кунад нохуни хошок

Натавон ба хароши дили мо чанг баровард

Аз дил ба забон номдаҳ гардид сухани сабз

Дар синаи ман бас ки нафас занг баровард

Бо зӯри муҳаббат чаҳ кунад сахтии ҳиҷрон

Маъшуқаи худ кӯҳкан аз санг баровард

Симои хазон буд гул рӯй сухан ро

Соиби зи дами гарми ман ин ранг баровард