Хуши он озода каз мардум ниҳон дорад фақирӣ ро

Насозад гӯшаи чашми таваққуъи гӯшагирӣ ро

Хазони дилро хунак аз навбаҳорон беш ме созад

Ба айёми ҷавонии ҳеҷ нисбат нест перӣ ро

Чароғи зиндагирогар ҷаҳони афрӯз май хоҳӣ

Мада аз даст чун домони шабҳо дастгирӣ ро

Миёни зангӣу ойӣнаи суҳбат дар наме гирад

Ба дилҳои сияҳ зоҳир макун равшани замирӣ ро

зи маъниҳои бесӯрат , дилат гардад нгорстон

Занӣ бар санг агар ойӣнаи сӯрати пазирӣ ро

Надорад ҳосилии ғайр аз парешон кардан дилҳо

Ниҳон дар хок кун зинҳори тухми хурдагирӣ ро

Худорои ончунон бар ҷома абрешимин нозад

Ки пиндорӣ зибр дорад мақомоти ҳаририро !

Ба қадари ғайрат ҳамкор гирад авҷ ҳар корӣ

з ман доранд соиби андалебони хуши сафирӣ ро