Дили сахт чу гардид насиҳат напазирад

Санг аз қадами роҳравон нақш нагирад

Фарёд ки ҷузи акси муроди оинаи мо

Аз содаи дилии сӯрат дигар напазирад

Сўзддли ушшоқи фузуни шуълаи овоз

Дар сӯхтаи оташи натавонад ки нагирад

Аз об шавад оташи ёқӯти фурӯзон

Аз меҳри дил ҳар ки шавад зинда намирад

Рангин макун аз бодаи лаълии рухи маҳҷӯб

Кин оина аз оби гуҳари занги пазирад

Брснг занад гавҳар бе қимати худ ро

Ҳаркас ки азин сангдилон гӯша нагирад

Ҳайрони ҷамоли ту чу ойӣнаи тасвир

Гар об шавад сӯрат дигар напазирад

Дар даъвии таҷреди мурӣдӣ ки тамом аст

Ҳиммати гуҳи дрмонгӣ аз пер нагирад

Ҳар ҷо ки шавад хомаи соиби гҳроФшон

Дарёи зи садафи гӯш маҳол аст нагирад