Захмӣ ки зи теғи ту маро бар сипар омад
Беш аз ҳамаи захмӣ ба ҷигар коргар омад
Роҳаш ба хиёбони ҳаёт абад афтод
Умрӣ ки ба андешаи зулфи ту саромад
Дар дидаи хуршед сияҳ кард ҷаҳон ро
Хаттӣ ки азон чеҳраи равшани бдромд
Даст аз камари мӯр миёнон накашидам
Чандон ки марои шишаи дил бар камар омад
Ҳар баррагии азўбрг нишотаст ҷаҳон ро
Чун фохтаи сарвӣ ки марои зер пар омад
Аз шӯр қиёмат накунад рӯй ба дунбол
Ҳаркас ба тамошои ту аз хеши баромад
Аз хеши буруни рафта ба ҳамроҳи носитад
Овора шуд он кас ки маро бар асар омад
На рӯзӣ мӯрӣ шуд ва на қисмати барқӣ
Ин дона ба умед чаҳ аз хоки баромад
Фориғи з ҷаҳон кард марои теғи шаҳодат
Осӯда шуд обӣ ки ба ҷӯй гуҳар омад
Шуд ҳалқаи берун дар андешаи кунин
Дар хона ҳар дил ки хаёли ту дар омад
Аз дона мо нашаву намо чашм мадоред
Кин тухми нафаси сӯхта аз хоки баромад
Соиб чаҳ кашами миннати дилсӯзии аҳбоб
Чун лолаи марои доғи бурун аз ҷигар омад