Гар он ширини сухан талқин кунад гуфтори тӯтӣ ро
Сухан шукр шавад дар пистаи минқори тӯтӣ ро
Ба таълим нахустин созад аз такрори мустағнӣ
зи ҳарфи дилнишини он шаккарини гуфтори тӯтӣ ро
Суханро нест боғи длгшоиӣ чун дили равшан
Ки аз ойӣна бошад соғари саршори тӯтӣ ро
зи ҳасани барқи ҷавлони он қадари тамкин тамаъ дорам
Ки он ойӣна рӯ бишносад аз зангори тӯтӣ ро
Чунон каз оби равшани сабза хобида бархезад
Намӯд ойӣнаи рухсор ӯ бедори тӯтӣ ро
Мабод аҳли суханро кор бо оҳани дилон ёрб !
зи хӯни дил буд гулгунаи минқори тӯтӣ ро
Чу беморони оламро даҳан талхаст аз сафро
Чаҳ ҳосили зин ки резади шукр аз гуфтори тӯтиро ?
Набошад ҳоҷати ойӣна дар базми сФокишон
Ба гуфтор оварад онҷо дару девори тӯтӣ ро
Ба худ чун мор май печад , сухан чун дар миён ояд
Агар дорад хаҷали тоўс аз рафтори тӯтӣ ро
Дили ойӣнаи равшан ғуборолуд ме гардад
Вагарна ҳаст зери лаби сухан бисёр тӯтӣ ро
Сухан чин мекунад торик , айши софи табъон ро
Мада дар хилвати ойӣнаи раҳи зинҳори тӯтӣ ро
Мукаррар мекунад қанди суханро қурби ҳамҷинсон
Азон ойӣна месозад шукри гуфтори тӯтӣ ро
Сару кори ман афтодааст бо ойӣнаи рухсорӣ
Ки аз сангин дилӣ нашносад аз зангори тӯтӣ ро
Ба ман буд аз дили фӯлоди он ойӣнаи рӯи равшан
Ки ҳамчун сабзаи помол , созад хори тӯтӣ ро
зи могар ҳарф май хоҳӣ , дили равшан ба даст овар
Ки равшан шуд савод аз олами анвори тӯтӣ ро
Магар гуё азон ойӣна рухсор шуд соиб
Ки май лғзди забон дар ҳолати гуфтори тӯтӣ ро