Он офати ҷон бар сар инсоф наомад
Он талхи забон бар сар инсоф наомад
Мӯри хат азон танги шукр гирд баровард
Он мӯри миён бар сар инсоф наомад
Чиданд вкшиднди гулоб аз гули коғаз
Он ғунчаи даҳон бар сар инсоф наомад
Кардам ба фусуни нарми камони маи нав ро
Он сахти камон бар сар инсоф наомад
Ҳар чанд ки аз хирмани мо дӯд бар омад
Он барқи Аннан бар сар инсоф наомад
Дайну дилу ақлу хирад ва ҳуш фишондам
Он душмани ҷон бар сар инсоф наомад
Як умри Хизр дар қадам ӯ гузаронадам
Он сарви равон бар сар инсоф наомад
Гуфтем ки инсоф диҳад чархи пас аз марг
Мардем ваҳмон бар сар инсоф наомад
Ҳар чанд ки сад умр Хизр дид ба рӯйиш
Чашми нигарон бар сар инсоф наомад
Ҳар чанд ки соиби зании калаки шукри рехт
Он пистаи даҳон бар сар инсоф наомад