Хӯни беҳтар азон май ки чашедан нагузоранд

Пайкон ба азон ғунча ки чидан нагузоранд

Ғайр аз лаби афсӯс гузидан чаҳ алоҷ аст

Он ракаи лаби ёр гузидан нагузоранд

Бӯсидани кунҷи лаби соқӣ чаҳ хаёл аст

Онро ки лаб ҷом макидан нагузоранд

Боли впри арбоби ҳавас ғунча нагардад

Ҷое ки марои чашм паридан нагузоранд

Ҳар чанд шуд аз гиряи мо хат батон сабз

Назораи моро ба чаридан нагузоранд

Фарёд ки чун шӯраи замини донаи мо ро

Ин шўрнгоҳон ба дамӣдан нагузоранд

Ҳарчанд шавад хӯни дили ушшоқи зи ғайрат

Хунобаи дилро ба чакидан нагузоранд

Чун сайли сбксири дарин бодияи мо ро

Аз пои талаб хор кашӣдан нагузоранд

Андешаи побӯс хаёлӣаст замини гир

Моро ки ба гирди ту расӣдан нагузоранд

Фарёд ки чун ғунчаи марои ҳарза дароён

Дар кунҷи дили хеш хазидан нагузоранд

Соиб чаҳ хаёласт ки дар даст ман уфтад

Аз даври гулиро ки ба дидан нагузоранд