Чун шабнам май бар рух ҷонон биншинад

Дар оби върқи чашма ҳайвон биншинад

Шармандаи хунгармии ашкам ки ҳамаи умр

Нагузошт мрогрдбаҳ мижгон биншинад

Дил соф кун он гоҳи зи моҳрФ талаб кун

Аз оинаи тӯтӣ ба дабистон биншинад

Мижгони шимурами бӯсаи занам бар кафи поиш

Дар чашмам агар хор муғелон биншинад

Он кас ки чу Юсуф будаш чашми азизӣ

Шартаст ки як чанд ба зиндон биншинад

Аз таъна хомон нашавад кунад табиат

Кӣ оташ сӯзанда ба домон биншинад

Гар Хизр бибинад лаби ҷонпарвар ӯ ро

Дар мотами сари чашма ҳайвон биншинад

Ҳар кас ки чу соиб ба такаллуф накунад зист

Пайваста чу гули хуррам вхндон биншинад