Дар зери фалак чанд хирадманди тавон буд
Ҳушёри дарин ғамкада то чанд тавон буд
Дар фасли гул аз булбули мо ёд накарданд
Дигар ба чаҳ умеди дарин банди тавон буд
Комӣ ба муроди дили худ брнгрФтим
Чун хома ба фармони сухан чанд тавон буд
Гар домани ишқ аз ҳаваси хом буд пок
Хурсанд зи маъшӯқ ба фарзанди тавон буд
Аз чашма ҳайвон натавон хушки гузаштан
Дар майкада то чанд хирадманди тавон буд
Бар ҳосили айём агар даст фишонӣ
Чун сарви сбкбори зи пайванди тавон буд
Девонаи морои нхриднд ба сангӣ
Дар кӯчаи ин сангдилон чанд тавон буд
Ҳар чанд з шукр натавон кард ба неи сулҳ
Бо ваъда бемағз тухурсанд тавон буд
Аз бӯса ба пайғом тасаллӣ натавон шуд
Қонеъ ба неи хушк кӣ аз қанди тавон буд
Чун шамъ ки сарсабзяш аз дида хеш аст
Аз гиряи худ чанд барӯманди тавон буд
Соиб ба сухан чанд азин оинаи рӯйон
Чун тӯтӣ беҳавсилахурсанд тавон буд