Бо рӯй ту хуршеди дурахшон чаҳ намояд
Бо зулфи ту тӯли шаби ҳиҷрон чаҳ намояд
Аз хандаи хушкӣ чаҳ назари об тавон дод
Пеши лаб ӯ пистаи хандон чаҳ намояд
Дар дидаи он кас ки ғубори хат ӯ дид
Ёқӯт чаҳ бошад хати райҳон чаҳ намояд
Парвона ба гул кӣ шавад аз шамъи тасаллӣ
Бо ҳасани гулӯи сӯзи гулистон чаҳ намояд
Дар равшании рӯз чаҳ партав диҳад анҷум
Бо чеҳраи хандони лаби хандон чаҳ намояд
Ҷое ки буд на фалак аз бе срўпоён
Гӯии сари мо дар хами чавгон чаҳ намояд
Бо шӯри муҳаббат чаҳ буд шӯри қиёмат
Дар пеши намакзори намакдон чаҳ намояд
Дар маърака ҳар чанд ҷигари дор буд дил
Бо он сифати баргаштаи мижгон чаҳ намояд
Ҳар чанд санавбар ба ръўнт илм афрӯхт
Бо қомати он сарви хиромон чаҳ намояд
Авроқи дил аз рабт науфтад ба гусастан
Сӣ пора ба ҷамъияти қуръон чаҳ намояд
Аз хон қаноат шудаи чашми вдли мо сайр
Дар дидаи мо неъмати алвон чаҳ намояд
Ин он ғазали ҳазрати ркност ки фармуд
Пои малахии пеши сулаймон чаҳ намояд