Суҳбат ба ҳарифони сияҳ кор мадоред

Бар рӯй сухани оина тор мадоред

Зоҳир нашавад дар дили нодони асари ҳарф

Дар пеши нафаси оина тор мадоред

Чун хомаи қадам ҷуфт намоед дарин роҳ

Дар сайри всФри одат паргор мадоред

Хӯн мечакад азғнчаҳи лаби бастаи дарин боғ

Корӣ ба саропарда асрор мадоред

Шерозаи авроқи дили он мӯӣ миён аст

Зинҳор ки даст аз камар ёр мадоред

Чун шамъ агар сӯзи шумо ориятӣ нест

Пурвои дами сард харидор мадоред

Гар оинаи ҷони шумо содаи з нақш аст

Андешаи грдўғм зангор мадоред

Чун сояи сбксир буд давлати дунё

Бо сояи иқбол ҳмокор мадоред

Бо тоҷи зар аз гиря нёсуд дамии шамъ

Роҳати тамаъ аз давлат бедор мадоред

Мифтоҳи нҳонхонаҳи дил қуфл хамӯшӣ аст

Авқоти худ ошуфта ба гуфтор мадоред

Сайлоб ҳавосаст назарҳои парешон

Ойӣнаи худ бар сар бозор мадоред

Бозичаи амвоҷ буд киштии холӣ

Дилро зи ғаму дард сбкбор мадоред

Бар сарви туҳидасти хазон даст надорад

Аз бесамарӣ бар дили худ бор мадоред

Дар гӯша чашмаст ниҳони фитнаи даврон

Бо гӯша нишинон ҷаҳон кор мадоред

Кӯҳӣ ки баландаст нагардад кам азуи барф

Бо ҳиммати олии ғам дастор мадоред

Гар ҳаст ҳавои гул бе хори шумо ро

Хорӣ ки дарин роҳ буд хор мадоред

Чун соиб агар мӯӣ шикофед дарин базм

Даст аз камари ришта зуннор мадоред