На ҳар чашмӣ сазовораст рухсори маъонӣ ро

Ки шабнам дида шӯраст гулзори маъонӣ ро

зи чашми шӯр , оби Хизри хӯн мурда ме гардад

Макун бепарда чун гули ҷоми саршори маъонӣ ро

Надорад баҳрае аз ҳасани маънии чашми сӯрати байн

Ба ҳар ойӣнаи мнмоииди дидори маъонӣ ро

Хатар аз сабзаи бегона беш аз заҳр ме бошад

Ҷамоли ошнорўёни гулзори маъонӣ ро

Далели ҷавҳар мардӣаст поси аҳли байти худ

зи номаҳрам нигаҳ доред абкори маъонӣ ро

Лабии хомаштар аз гӯши садафи омода май бояд

Талабкори висол дар шаҳсавори маъонӣ ро

Ҳубоб аз ӯҳдаи тасхири дарё барнаме ояд

Мусаххар чун кунад алфоз , асрори маъониро ?

зи об Хизр мешуд сайр агар медид Искандар

зи зери пардаи алфоз , рухсори маъонӣ ро

Ба Юсуф чун расад ҷӯёӣ Юсуф мешавад сокин

Висол афзӯн кунад шавқи талабкори маъонӣ ро

Наёрад дар назари соиби ҷамоли моҳи канъон ро

Назарбозӣ ки як раҳ дид рухсори маъонӣ ро