Фориғ буд аз афсари заррини сари хуршед

Каз шаъшааи хеш буд афсари хуршед

Аз васл тасаллӣ нашавад ошиқи содиқ

Хамёза субҳаст гули соғари хуршед

Бесикка шавад дар ҳама рӯй замини харҷ

Аз бас ки тамомаст айёри зари хуршед

Хуршед ҷҳонтоб шавад бо ту баробар

Дар хӯбӣ агар моҳ шавад ҳамсари хуршед

То шуд дили мо дарин боғ чу шабнам

Парвоз намудем ба боли впри хуршед

Дар сӯхтагӣ чун надаҳум тан ки баромад

Аз тӯдаи хокистари шаби ахгари хуршед

Равшани гуҳаронро буд аз хӯни ҷигари ризқ

Ҳаст аз шафақи хеш май аҳмари хуршед

Ҳар кас ки кунад соф ба офоқи дили хеш

Чун субҳ наад лаб ба лаби соғари хуршед

Шуд гарчи сияҳи оинаи мо чўдли шаб

Худро нрсондим ба равшангари хуршед

Афсӯс ки чун шабнами гул об надодем

Чашмии зи тамошои рухи анбари хуршед

То бастаам аз хок наҳодӣ ба замини нақш

Чун соя кунам сайр ба боли впри хуршед

Соиб нашуд аз хӯрдани хӯни ғамза ӯ сайр

Сероби з шабнам нашавад ханҷари хуршед