Шаби зиндаи дорро дили равшан чу моҳ гардад

Аз хоби рӯзи дилҳо чун шаб сиёҳ гардад

То сафҳа нонавиштааст осӯда аз тамошост

Дар рӯзгори хати ҳасани ошиқ нигоҳ гардад

Дар тарк эътибораст гиреҳаст эътиборӣ

Чун сар бараҳна гардид гардун кулоҳ гардад

Дар ломакон кунад сайри оҳи сабки анонаш

Онро ки қомат ӯ сари машқ оҳ гардад

Ҳиммат фурӯ наёрад сари пеши танги чашмон

Кӣ теғи кӯҳи сероб аз об чоҳ гардад

Аз бе ниёзии ҳақи зоҳид хабар надорад

То мунфаили зи тоъат беш аз гуноҳ гардад

Бо расатони адовати соиб шгўн надорад

Мори аҷали расида бар гирд роҳ гардад