Марои нола аз парда дил барояд
Ба нозӣ ки Лайлии з маҳмил барояд
Дарин боғ чун сарви озодагон ро
Ба ҷои самари уқда дил барояд
Агар мазраъ ҳастӣ ин ранг дорад
Бар он дона раҳмаст каз гул барояд
Хушо каъбаи дил ки дар остонаш
Ба як оҳи сдкор мушкил барояд
зи саҳрои фирдавс дилгир гардад
Ғарибӣ ки бо гӯша дил барояд
Дар он ҳалқаи чашми дили мондҳирон
Ки киштии зи гирдоб мушкил барояд
Пурваболи тӯфони бўдмўҷи дарё
Ба маҷнӯни мо кӣ слосл барояд
Ба сад лаб агар захм гуё нагардад
Ки аз ӯҳдаи шукр қотил барояд
зи огоҳии хеш дар зери теғам
Хушо ҳоли сайдӣ ки ғофил барояд
Ҷигари ташнагони муҳӣти фано ро
Чаҳ ком аз лаби хушк соҳил барояд
Бар он хол шуд дилбарии хатми соиб
зи сад бандаи як банда мқбл барояд
Ба дардӣ бинолам дарин роҳи соиб
Ки фарёд аз роҳ вмнзл барояд