намегардад ба хомӯшии ниҳони дард

зи ранг чеҳра дорад тарҷумони дард

Агар дили зи оҳан вФўлод бошад

Кунад чун муми нармаш дар замони дард

Турои он рӯз ояд бар ҳадафи тир

Ки созад қомататро чун камони дард

Буд равшани чароғаш то саҳаргоҳ

Ба ҳар манзил ки гардад миҳмони дард

Ба сими қалб арзонаст Юсуф

Ба нақд ҷон намегардад гарони дард

Самандари солим аз оташ барояд

Ба аҳл ишқ бошад меҳрбони дард

Шавад муҳками баннои дардмандӣ

Дуанд реша чун дар устихони дард

Манол аз дард агар комили айёрӣ

Ки мардони рости санги имтиҳони дард

Агар олӯда дармон насозӣ

Кунад дарди турои дармони ҳамон дард

Ҳубобӣ чун муҳӣт баҳр гардад

Чаҳ созад ним дил бо як ҷаҳони дард

Гиреҳ гардад чу доғи лола дар дил

Насозад оҳрогар хуши Аннани дард

зи ҳоли дардмандони грбпрсӣ

Нахоҳад карданати охири забони дард

Чаҳ мекарданд соиби дардмандон

Агар пайдо намешуд дар ҷаҳони дард