Туро чун субҳ хандон офариданд
Маро чун абр гирён офариданд
Ман он рӯз аз саломати дасти шастам
Ки он чоҳ занхдон офариданд
Балоҳои сияҳро ҷамъ карданд
Азон зулф парешон офариданд
Дунем он рӯз шуд чун пистаи дилҳо
Ки он лабҳои хандон офариданд
Шикасти он рӯзи шохи зулфи хубон
Ки он хат чу райҳон офариданд
Латофатҳои олам гирд карданд
Азон себ занхдон офариданд
Барои шамъи он рӯй дили афрӯз
зи бахти мо шабистон офариданд
Азон мижгон шарм олуд дар дил
Ҷароҳатҳои пинҳон офариданд
Шикасти он рӯз бар қалб дил афтод
Ки он сафҳои мижгон офариданд
Фалакҳо шуд чу гӯи он рӯзи ғалатон
Ки он зулф чу чавгон офариданд
СрзлФи сбкдст батон ро
Паии тороҷ имон офариданд
Агар дар ҳасан хубон ҳаст онӣ
Саропои туро зон офариданд
Паии тороҷ хирмангоҳ ҳастӣ
Нигоҳи барқ ҷавлон офариданд
Чу чашми ёри мо длхстгон ро
зи айни дард дармон офариданд
Ба худ пардохтан зон дил наёяд
Ки чун ойӣна ҳайрон офариданд
Азон лабҳо шароби внқли соиб
Барои мепрессатон офариданд