Маҳви ту биҳишт ҷӯ набошад

Ойӣнаи дили ду рӯ набошад

Дар ҳалқаи мотами фалаки мард

Шартаст ки ханда рӯ набошад

Чун каъба хушаст дил ки солӣ

Даҳ рӯзи кушода рӯ набошад

Ғаммозии ишқ изтироб аст

Чун зулфи абир бӯ набошад

Бигушоӣ назар ки орифон ро

Рӯзии зи раҳ гулӯ набошад

Дар шаръи шарифи аҳли ғайрат

Нони беҳтар аз обрӯ набошад

Ҳар чанд таяммумаст ҷоиз

Дар мартаба вузӯ набошад

Чун мавҷ дар устихони қонеъ

Таби ларза ҷустуҷӯ набошад

Аз бодаи кашони мҷўии тадбир

Ақлӣ ба сар каду набошад

Чун ғунча хамӯш бош соиб

То боис гуфтугӯ набошад