зи шӯри ишқ маро шуд дили хароби лазиз

Ки мешавад чу нмксўд шуд кабоби лазиз

Ба коми ншоӣаҳи шиносони шеваи маъшӯқ

Буд чу талхӣ май талхии итоби лазиз

зи хат ба хӯрдани хӯни чашми ёр моил шуд

Ки дар баҳор ба мисатон буд шароби лазиз

Мадор аз дили ман теғи обдори дареғ

Ки ҳаст бар ҷигари ташнаи ҳамчуи оби лазиз

Ғам аз итоб надорам ки дар мазоқ ман аст

Нигоҳи тунди ту чун талхии шароби лазиз

Дар офтоби тавон зер абр дид далер

Ҷамоли ёр буд дар таҳи ниқоби лазиз

Ба ваъдаҳои дурӯғ аз ту қонеъам ки буд

Ба чашми ташнаи лабони муваҷҷаҳи сароби лазиз

зи хат рақиб шуд аз ҳасани ёри рӯгардон

Ки бо шуъӯр буд суҳбати китоби лазиз

Ба чашми он ки ба ширини лабӣ назар дорад

Буд чу шеру шукри сайри моҳтоби лазиз

Ҷавоби хушк азон лаъли обдор , буд

Ба гӯши ташнаи лабон чун садои оби лазиз

з рӯй гарми сухан пухта мешавад соиб

Ки мешавад самари хом аз офтоби лазиз