Лолаҳо чашми ғизолон май намояд дар назар

Хорҳо сафҳои мижгон май намояд дар назар

Ҳар ғуборӣ каз замини хезад дар ин обу ҳаво

Сарви сими андоми ҷавлон май намояд дар назар

Аз хурӯши булбулону ҷӯши гулҳо саҳни боғ

Маҷлиси пари шӯри мисатон май намояд дар назар

Зоҳири санг аз ҳуҷуми лолаҳои обдор

Ботини кони Бадахшон май намояди дарназар

Хандаи гули хокро як рӯй хандон карда аст

Осмони як чашми ҳайрон май намояди дарназар

Аз раги абри баҳорони осмони тлхрўӣ

Хуштар аз зулфи парешон май намояд дар назар

Як даҳан хандааст саҳро аз нишоти навбаҳор

Чун кавокиби реги хандон май намояд дар назар

То ки зулф ифшоанд бар саҳро ки аз мавҷи сароб

Рӯй саҳрои снблстон май намояд дар назар

Аз ҳуҷуми доғ , ҳар захми намоён бар танам

Рахнаи девори бустон май намояд дар назар

Чашми танги мӯр аз танагии дили танги маро

Арсаи малики сулаймон май намояд дар назар

Шӯхи чашмиро ки шухии сар ба саҳро ме диҳад

Хилвати ойӣнаи зиндон май намояд дар назар

Бас ки шӯри ишқ печидааст дар пайкари маро

Доғҳо соиби намакдон май намояд дар назар