зи сахтиҳои олами қонеъонро ҳаст лиззат ҳо
Ҳуморо устихон дар луқма бошад мағзи неъмат ҳо
Шикасти ишқро аз сабр бар худ мумиёе кун
Ки дар киштӣ шикастани Хизрро дарҷаст ҳикмат ҳо
Ба чашм ҳар ки аз нури басирати баҳра Эй дорад
Ҷавоҳири серумаи бениш буд , гирди кудурат ҳо
Зулайхост агар бардошт аз Юсуф , ту чун мардон
Мада аз даст то мумкин буд домони фурсат ҳо
зи лангари шҳпри парвози киштии ғӯта дар гул зад
Макун пайванд то мумкин буд бо пасти фитрат ҳо
Ба каф то ришта тобӣ ҳаст аз бенаии зоҳир
Машав ғофили зи назми гавҳари шҳўори ибрат ҳо
Чу бемағзон макун дар сояи боли ҳумои манзил
Ки бошад парда рӯй шақовати ин саодат ҳо
зи давлат сулҳ кун зинҳор бо амнияти хотир
Ки дар дунболи хоб амн бошад чашми давлат ҳо
Бало бар аҳл имон мешавад нозил каз ангуштон
Ба ангушт шаҳодат мерасад захми надомат ҳо
Чаҳ дарёҳои хӯн мешуд равон аз чашми мазлӯмон
Мукофоти амалро чашм агар май басти ришват ҳо
Шароб талх дорад айши ширин дар қафои соиб
Магардон рӯи турш аз бодаи талхи насиҳат ҳо