Мадор аз манзили ороёни тамаъи меъмории дил ҳо
Ки вусъат рафт аз дасту дили мардум ба манзил ҳо
Сияҳ шуд бас ки олам аз чароғи мурдаи дил ҳо
Наме бенанди пеши пои худро шамъи маҳфил ҳо
Дили бедор май бояд дарин водӣ , тавваҷуҳ кун
Ки ман бо пой хоб олуд кардам қатъи манзил ҳо
Насиби даври гардони гавҳари сероб чун гардад ?
Азони дарё ки бо ин қурб , лаб хушканд соҳил ҳо
Баннои каъбау байт алснм карданд бекорон
Гулу хиштӣ ки бар ҷои монда буд аз каъбаи дил ҳо
Забони бастам , кушоди дили зи сад ҷониб дарун омад
Назари пӯшедам , аз пеш назар бархест ҳоил ҳо
Ба навмидии мадаи тан гарчи дар коми наҳанги уфтӣ
Ки дорад дар дили гирдоб , баҳри ишқи соҳил ҳо
Наме буд ин қадари хоби ғурури дилбарони сангин
Агар медошт овозии шикасти шишаи дил ҳо
Ба Лайлӣ муттаҳам доранд маҷнӯнро , азин ғофил
Ки дорад гуфтугӯии мардуми девонаи маҳмил ҳо
Ҳазорон уқда чун ангур дар дили доштами соиб
Ба як паймона мекард соқии ҳали мушкил ҳо