Синае чок накардем дарин фасли баҳор
Субҳӣ идрок накардем дарин фасли баҳор
Гиря эй аз сари мастӣ ба туҳидастии хеш
Чун раг ток накардем дарин фасли баҳор
Абр чун пунба афшурда шуд аз гиря ва мо
Мижае пок накардем дарин фасли баҳор
Ҷигари санг ба ҷӯш омад ва мо сангдилон
Дида намнок накардем дарин фасли баҳор
Лола шуд поки фуруш аз арақи шабнам ва мо
Арақӣ пок накардем дарин фасли баҳор
Ғунча аз пӯст бурун омад ва мо бидрдон
Ҷомае чок накардем дарин фасли баҳор
Домани тозаи гулии сайд ба српнчаҳи саъй
Ҳамчу хошок накардем дарин фасли баҳор
Ҳайф ва сад ҳайф ки дар роҳи насими саҳарӣ
Хешро хок накардем дарин фасли баҳор
Бо ду сад хирмани умед , зи ғифлати соиб
Тухм дар хок накардем дарин фасли баҳор