эй даҳони туу гуфтори зи ҳам ширин тар

Лаби лаъли туу рухсори зи ҳам рангин тар

Дармиёни лаби лаълу суханати ҳайронам

Ки азин ҳарду кадомаст зиҳами рангин тар

Гарчи дар шарму ҳаёи чеҳраи Марям мисл аст

Ҳаст рухсори ту сад пардаи азуи шармин тар

Қоф ҳар чанд гаронсангу гарон тамкин аст

Кӯҳи тамкини ту сад пила буд сангин тар

Чаҳ гушоиши тамаъ аз боғ ва баҳорӣ дорам

Ки ҷабини гулаш аз ғунча буд пари чин тар

Барнадорад назар аз боли впри худ тоўс

Ҳаркии оростатар аз ҳамаи каси худбин тар

Давлати ҳаркии дарин доира бедор тараст

Хоб ӯ ҳаст ба мизони назари сангин тар

Кибр мафруш ба мардум ки ба мизони назар

Зуд гардад сабки он кас ки буд сангин тар

Азҷҳони талхӣ бисёр кашидам соиб

Ки зи ширин суханон шуд суханами ширин тар