Зиҳӣ аз ғайрати рӯяти гиребони чоки гулшан ҳо

зи хуии оташинати тозаи доими доғи гулхан ҳо

Назар бар офтобу моҳи нгшоинди аҳли дил

Дарин кишвар наяндозад сиёҳии доғи равзан ҳо

Ннозм чун ба бахти худ , ки дар аҳди ҷунуни ман

Дили сангин ба ҷои санг май боради зи доман ҳо

Сар омад солҳо аз даври маҷнӯн ва ҳамон хезад

зи чашми оҳӯон чун ҳалқаи занҷири шеван ҳо

зи ҷӯши хӯн чунон шуд чоки захми синаи пардозам

Ки берун рафт аз кафи риштаи тадбири сӯзан ҳо

зи шавқи маҳмили Лайлии з ҳарҷо гирд май хезад

Ғизолон май кашанд аз давр бе тобонаи гардан ҳо

Ба муҳтоҷон мудоро кун ки ҷузи нақши паии мӯрон

Набошад ҳеҷ занҷирӣ барои ҳифзи хирман ҳо

Дар истеҳкоми манзил саъй дорад хоҷа , зини ғофил

Ки ҳар сангии ниҳон дар остин дорад фалохан ҳо

зи хуршеди қиёмати соғарии лаби хушк тар дорам

Дар он водӣ ки аз рег равон гиранд равған ҳо

Магари рутаб аллсон шуд хомаи соиби дарин гулшан ?

Ки гардиданд бо чандини забони хомӯши сӯсан ҳо