Кушодаи рӯеи ман баради дасти хасм аз кор

Шароби шишаи шикан дар пиёла шуд ҳамвор

Кабоби синаи гарм манаст доғи ҷунун

Замини сӯхта ҷон медиҳад ба тухми шарор

Макун зи сахтии раҳи шикваи ҳамчуи нави сафарон

Ки хок нарм кунад обро гарони рафтор

Яке ҳазор шуд аз бодаи занги кулуфти ман

Ки оби сабзаи хобидаро кунад бедор

Ба зуҳди хушк ба ҷое намерасад зоҳид

Ки пой обила дораст дасти сбҳаҳи шумор

Миёни булбулу парвона фарқ бисёраст

Куҷо ба рутба кирдор мерасад гуфтор

Шудааст сарви ҳисории зи тавқи фохтагон

Қади хаданги ту то гашта дар чамани сайёр

Гуноҳи монеъи эҷод мо нашуд аввал

Чигуна монеъ ғуфрон шавад дар охири кор

зи мавҷи рег равонаст бар ҷиноҳи сафар

Мадори чашми иқомати зи умри хуши рафтор

Ҷигари хароштар аз шишааст бодаи ишқ

Бишӯй дасти зи ҷон , лаби барӣни пиёлаи гузор

Шавад пар аз гуҳар аз ҳифзи обрӯи соиб

Садаф агар накушояд даҳан ба абри баҳор