Сафои ёр ба дидан намешавад охир

Гулӣаст ин ки ба чидан намешавад охир

Шикоятӣ ки зи зулф дароз ӯст маро

Ба гуфтан ва ба шунид Н намешавад охир

Фиғон ки себи занхдони ёр рообӣ аст

Ки чун гуҳар ба чакидан намешавад охир

Чаро лабат ба ҷигар ташнагон намеҷӯшад ?

Ақиқ чун ба макидан намешавад охир

Магар ба лутф хамӯшам кунӣ , вагар на чу шамъ

Забони ман ба баридан намешавад охир

Фалаки згрдши худ мондагӣ наме донад

Ҷунуни ман ба давидан намешавад охир

Ба остин натавон пок кард чашми маро

Гулоби ман ба кашӣдан намешавад охир

Чаҳ суди азин ки ба дарё расед сайлобам ?

Чу шавқи ман ба расӣдан намешавад охир

Чунон гузидаи зўзъ ҷаҳон шудам соиб

Ки ваҳшатам ба рамидан намешавад охир