Дарин ҷаҳони музаввар ба тарсу боки нигар

Ба доми бештар аз донаи зери хоки нигар

Машав чун доми дарин сайди гуҳи саропои чашм

Ба дидаҳои пар аз хоки зери хоки нигар

зи хӯни сӯхтагони ташти хок лабрез аст

Ба ҷоми лолаи пурхӯни дарин муғоки нигар

Масеҳ бар фалак аз роҳ хоксорӣ рафт

Агар ба чархи броиии ҳамон ба хоки нигар

Ба шукри ин ки турои исо замон карданд

з рӯй лутф ба дилҳои дардноки нигар

Хазони умр , шаби ид боддстон аст

Ба дастҳои нигорин барги токи нигар

Мгири домани покон ба панҷаи хунин

Ба чашми поки дарон рӯй шрмноки нигар

Либоси каъба ба зуннор духтан куфраст

Дарони шикофи гиребон ба чашми поки нигар

Мабод фитнаи хобидаро кунӣ бедор

Ба эҳтиёти дарони чашми хўобноки нигар

Фиреби сӯзани мижгони он нигор махӯр

Ба синаҳо ки з бедод ӯст чоки нигар

Гузашти умр , чаҳ аз кори рафтае соиб ?

Далел бар рух ӯ дардами ҳалоки нигар