зи хирман сулҳ кун бо донае аз дурбинӣ ҳо

Ки месозад забони барқи кӯтаҳи хӯшаи чинӣ ҳо

Талоши садр камтар кун ки дар баҳри гарони лангар

Сабк дорад каф бемағзро болоншинӣ ҳо

Миёни нуру зулмат илтиёмӣ нест , ҳайронам

Ки чун пайвасти ҷони осмонӣ бо заминӣ ҳо

Сарафрозӣ чу шамъи онро расад дар ҳалқаи тоъат

Ки миҳробаш нахоҳад шамъ аз равшани ҷабинӣ ҳо

Нагардад равзани андеша то масдӯд аз ҳайрат

Надорад ғайри савдои ҳосилӣ хилват гузинӣ ҳо

Ба ман боист ёр аз дигарон наздик тар бошад

Агар наздик мегардид роҳ аз дурбинӣ ҳо

зи гирди хат , гирифтам бесафо шуд зоҳири он лаб

Куҷо рафт он табассумҳо ва он ҳарфи офарӣниҳо ?

Надорад рӯзии аҳли қаноати чашми шӯр аз пай

Сулаймон май баради ғайрат ба мӯр аз резаи чинӣ ҳо

Ба завқии бода дар ҷоми сафолини рехтами соиб

Ки аз тоқи дили фағфур чин афтод чинӣ ҳо