Доғаст барги айши гулистони рӯзгор

Дӯд диласт сунбулу райҳони рӯзгор

Чун шамъ то тамом насӯзӣ наме диҳанд

Хати амони турои зи шабистони рӯзгор

Натавон гирифт домани мавҷи сароб ро

Зинҳор дил мабанд ба сомони рӯзгор

Дар нӯшханди барқи хтрҳост , зинҳор

Бозӣ махӯр зи чеҳраи хандони рӯзгор

Дар чашми ман з хона гӯраст тангтар

Гар длгшости пеши ту айвони рӯзгор

Рағбат ба обу нон бахилон наме шавад

Дил хӯрданаст қисмати меҳмони рӯзгор

Дандон ба дили фишор каз ин роҳ карда анд

Ҷонҳои пок , рахна ба зиндони рӯзгор

Додааст ҳамчуи дидаи қурбониёни наҷот

Ҳайрати марои зи хоби парешони рӯзгор

То бардаем сурбаи гиребон , рабӯда ем

Гӯии саодат аз хами чавгони рӯзгор

Гардид тўтёии қалами устихони мо

Соиби зи бори миннати эҳсони рӯзгор